Қарзи 4 миллион сомонии ширкати Комил 2010 ба давлати Тоҷикистон
Раиси Кумиати молиёти Тоҷикистон гуфт: Ширкати сохтмонии Комил 2010 ҳудуди 4 миллион сомонӣ молиёт ба давлат қарздор аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, ширкати сохтмонии Комил 2010 мутаъалиқ ба фарзанди Бек Сабур расии хадамоти мухобироти Тоҷикистон аст.
Нусратуллоҳ Давлатзода афзуд: Истифода накардани муассир аз маблағҳои ҷамовари шуда ва анҷом надодани сари вақт ба таъаҳудот, сабаби қарздории молиёти ширкат ба давлати Тоҷикистон шуда аст.
Вай идома дод масъулои ширкат пулро дарёфт мекардан, аммо аз он ба таври муассир истифода намекунад, наметавонад мудирият кунад, наметавонад ба дурусти кор кунад ба ҳамин тартиб омилҳои зиёди вуҷуд дорад, ки боис мешавад ширкат бо мушкилоте ру ба ру шавад, вай афзуд: Дар канори ширкати Комил 2010 дигар ширкатҳо низ бо мушкилоти мушобеҳ ру ба ру ҳастанд.
Интиқоди раиси Кумитаи молиёти Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар Феврали соли 2020 Баҳром Иноятзода раиси пешини шаҳри Кулоб дар нишасти матбуъоти аз соҳибони ширкати Комил 2010 интиқод кард.
Ҳамчунин Маҳмуди Саъидзубайдзода, раиси Кумитаи сохтусоз ва меъмории Тоҷикистон ҳам соли гузашта гуфта буд ширкатҳои Бек Сабуров Комил 2010 ва Ниёгоро дар феҳрести сиёҳ сабт шуданд ва бо дастури раиси шаҳри Душанбе ба онҳо дигар иҷозаи сохтусоз дода намешавад.