Июл 17, 2022 11:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти Тоҷикистон ба Афғонистон

Содироти Тоҷикистон ба Афғонистон рушди қобили таваҷҷуҳе ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории « Aki press », содироти Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли ҷорӣ ба 40 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 ҳудуди 6 миллион доллар афзоиш нишон медиҳад. Тоҷикистон бештар симон,، ангиштсанг, барқ ва маҳсулоти зироатӣ ба Афғонистон содир мекунад. Аз тарафи дигар мақомоти тоҷикистонӣ эълом карданд, ки ба дунболи қудрат гирифтани Толибон содироти барқ ба Афғонистон низ қатъ нашуда ва ба сурати рӯзона идома дорад. Амирхон Муттақӣ- сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон ҳам гуфт : Мушкилот ба вуҷуд омада миёни Афғонистону Тоҷикистон ҳал шудааст . Муттақӣ афзуд : Давлати Тоҷикистон ваъда дода, ки осонии бештареро барои тиҷорат бо Афғонистон дар назар бигирад .
 

 

Барчасп