Сарнавишти норушани тарҳи КАСА-1000
Иқтисоддони тоҷик муътақидаст тарҳи КАСА-1000,ки бояд дар соли 2020 иҷроӣ мешуд, акнун дар ҳолати норушан қарор дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Рустам Сайидов гуфтааст Афғонистон қаблан эълом карда буд, ки ба далели боло будани қимати барқи содиротии Тоҷикистону Қирғизистон фақат кишвари интиқолдиҳандаи барқ ба Покистон хоҳад буд, зеро тавони пардохти ҳазинаи барқи масрафиро надорад.
Мақомоти Покистон низ хостори коҳиши ҳазинаи ҳар киловатт соъат барқи содиротии Тоҷикистону Қирғизистон аз 9 сент ба 3 сент шудаанд, ки наметавонад манобеи молӣ ва қарзҳои дарёфтии ин ду кишвар аз Бонки ҷаҳониро ҷуброн кунад.
Аз сӯи дигар кишвари Чин бо Покистон созшномаи сохти 10 нерӯгоҳ бо тавони тавлиди 20 миллиард киловатт соъат барқро имзо кард, ки аҳамияти хати КАСА-1000-ро камранг кардааст .
Аммо намояндагони Амрико, ки мубтакири тарҳи КАСА-1000 буданд ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ваъда додаанд, ки дар соли 2024 тарҳ ба иҷро хоҳад расид.
КАСА-1000 ( CASA - 1000 ), унвони тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи Афғонистон ба Покистон аст .
Ин пружа яке аз зерсохтҳои муҳими бозори энержии барқи Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ ба шумор меояд .
Зарфияти интиқоли энержии ин пружа муодили 1300 мегаватт хоҳад буд .
Ҳазинаи ин тарҳ беш аз як миллиард доллар баровард шудааст, ки ниме аз онро Бонки ҷаҳонӣ таъмин мекунад.