Баҳрамандии тамоми сокинони Тоҷикистон аз оби ошомидании солим то 8 соли оянда
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд то ҳашт соли оянда тамоми сокинони кишвар ба оби ашомиднии солим дастрасӣ хоҳанд дошт.
Ҳанӯз 33 дарсади мардуми Тоҷикистон ба оби ошомидании беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Ҷурахон Ғаффорзода, мудири ширкати давлатии "Маскан ва хадамоти умумӣ" (Хоҷагии манзиливу коммуналӣ) мегӯяд, 67. 1 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон ба оби ошомидании солим дастрасӣ доранд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти кишвар барномаеро барои таъмини оби ошомидании тозаи сокинон то соли 2030 таҳия кардаанд. Гуфта мешавад, ки тарҳҳои обрасонӣ бо эътибори 73. 7 миллион доллар дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар ҳоли иҷро аст.
Ҷурахон Ғаффорзода афзуд, дар ростои густариши доманаи хадамот ба ҷамъияти шаҳриву рустоии кишвар, 20 тарҳи дархости сармоягузорӣ ба арзиши 768. 9 ҳазор доллар таҳия ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва давлат ироа шудааст.