Август 01, 2022 11:16 Asia/Dushanbe
  • Навсозии шоҳроҳи Рӯдакӣ - Ёвон - Ҷомӣ

Раиси ноҳияи Ёвон гуфт, шоҳроҳи Рӯдакӣ - Ёвон - Ҷомӣ навсозӣ мешавад.

Ҷамшед Саидзода афзуд, амалиёти навсозии бузургроҳи 79 километрӣ соли 2023 оғоз мешавад.

Раҷабалӣ Муродов, раиси Идораи нигаҳдории шоҳроҳи Ёвон низ маблағи марҳилаи аввали ин тарҳро 15. 5 миллион сомонӣ эълом кард.

Вай гуфт, бозсозии шоҳроҳ дар се марҳила иҷро мешавад.

 

Барчасп