Август 02, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз фирори 48 қарздор ба хориҷ дар вилояти Суғд

Мудири Хадамоти иҷрои аҳкоми додгоҳҳои вилояти Суғд эълом кард, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз фирори 48 бидеҳкори молӣ ё қарздор ба хориҷ аз ин минтақа пешгирӣ шудааст.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Алиҷон Амонзода дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, ки ин афрод қасд доштанд ба хориҷ фирор кунанд, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ боздошт шуданд.

Вай таъкид кард, ки ин 48 нафар бо фурӯши амволи худ маблағи 435 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат пардохт кардаанд.

Ҳамчунин дар бораи 561 бидеҳкори молии дигар тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ маҳдудияти сафари онон ба хориҷ эъмол шудааст.

Алиҷон Амонзода таъкид кард, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ алайҳи 121 нафар, ки пас аз талоқи ҳамсарони хеш аз пардохти нафақаи фарзандон худдорӣ кардаанд, иқдомоти танбеҳӣ анҷом шудааст.

Аз ин теъдод 11 нафар маҳкум ба зиндон, 61 тан ба зиндони машрут ва 1 нафар низ ҷарима шудааст.

Аммо 41 нафар аз афроде ки аз пардохти нафақаи фарзандон фирор кардаанд, тахти пайгард мебошанд.