Август 05, 2022 20:01 Asia/Dushanbe
  • Мушаххас набудани мизони даромади молии ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик

Ба далели аз дастрас хориҷ шудани сомонаи Бонки марказии Русия дар бораи интиқоли даромади молии шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишвар, акнун мизони дақиқи ирсоли маблағ аз сӯи коргарони муҳоҷири тоҷик тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ мушаххас нест.

Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», хонум Гулнора Ҳасанзода, мудири Агентии давлатии омори Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин маврид гуфт, ки ба Бонки Миллӣ муроҷиа кунанд.

Фирдавс Толибзода, муовини Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия аз чанд манбаъ мунтақил мешавад, ки ба ин далел ироаи омори дақиқ дар ин маврид имконпазир нест.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 1 миллиарду 800 миллион доллар ирсол карда буданд, ки дар муқоиса бо соли қабл 3,4 дарсад бештар унвон шудааст.

Ба гузориши Вазорати умури дохилии Русия дар ҳоли ҳозир 2 миллиону 156 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар идороти кор ва муҳоҷирати Русия сабтином кардаанд.

 

Барчасп