Август 07, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Сабукии Тоҷикистон барои воридоти мошинҳои барқи
    Сабукии Тоҷикистон барои воридоти мошинҳои барқи

Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти мошинҳои барқи сабуки медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар Азим Иброҳим, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ба ин манзур манобеъи кофи ихтисос дода аст.

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳама сола аз хориҷ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 350 миллион доллар сухт ворид мешавад, ки бо афзоиши нархҳо дар ин охирҳо акнун истифода аз мошинҳои барқи ба таври ҷидди дар дастури кор қарор дорад. Аз сӯи дигар истифода аз ин василаҳои мавҷуд беҳбуди муҳити зист ва пешгири аз олудагии ҳаво низ хоҳад шуд.

Аз инру дар Тоҷикистон барномаи давлати рушди истифода аз мошинҳои бақри дар солҳои 2023 то 2027 навишта шуд, ки барои тасвиб ба маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа хоҳад шуд.

Яке аз имтиёзоти ин барнома озод кардани воридкунандагони мошинҳои барқи аз пардохти ҳаққи гумруки мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон теъдоди таксиҳо ва автобусҳои бақри дар шабакаи ҳамлу нақли шаҳрҳои ин кишвар мусофир ҷо ба ҷо мекунад.

 

Барчасп