Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро аллакай бо рубл мехарад
Ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз Русия (ба миқдори 88,2%) бо рубл интиқол медиҳанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Вазорат воридоти маводи сӯзишворӣ аз кишварҳои гуногун дар ҳаҷми умумии 480 ҳазор тоннаву 162 тонна ба қайд гирифта шудааст, ки 65 ҳазору 500 тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ғайр аз ин, давоми моҳҳои январ-июн ба ҷумҳурӣ зиёда аз 183 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуда, ҳудуди 87% аз ҳаҷми умумии он дар Қазоқистон бо доллари ИМА харида шудааст. Ҳиссаи Русия дар бозори гази моеъ ҳамагӣ 0,4%-ро ташкил медиҳад.
Ҳисоббаробарии 70%-и қарордодҳои ширкатҳои Тоҷикистон бо Русия аз доллар ба рубл гузаштааст
Дар Вазорат изҳор намуданд, ки мувофиқи дастури ҳукумат, ширкатҳои воридкунанда метавонанд озодона хариду фурӯши маҳсулоти нафту газро аз Русия бо рубл анҷом диҳанд.
Ба гуфтаи соҳибкорон, қисми зиёди бензину сӯзишвории дизелӣ, ки ба Тоҷикистон оварда мешавад, айни замон бо рубли Русия харидорӣ мешавад. Гази моеъ (пропан) асосан аз ширкати «Тенгезшевройл»-и Қазоқистон бо доллари ИМА харида мешавад.
“Бар асари таҳримҳои зидди Русия, аксарияти ширкатҳо ба рубли Русия гузаштанд. Ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои Русия бензин ва сӯзишвории дизелиро бо доллари ИМА намефурӯшанд.