Август 09, 2022 18:02 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши низомиёни тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Узбакистон
    Омӯзиши низомиёни тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Узбакистон

Тоҷикистон ва Узбакистон созишномаи омӯзиши низомиёни тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Узбакистонро имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати дифоъи Узбакистон, Шерали Мирзо, Вазири дифоъи Тоҷикистон ва Баҳодур Қурбонов, ҳамтои узбакистонии вай дар дидори дар Тошканд созишномаи омӯзиши низомиён тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Узбакистонро имзо карданд.

Тарафҳо дар ин дидор аз раванди густариши ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ибрози ризоят карданд.

Вазирони дифоъ бар зарурияти тақвияти ҳамкориҳои фанни ва низомии ду кишвар барои таъмини амнияти минтақа таъкид карданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ аз маркази миллӣ Узбакистон боздид ва бо раванди фаъолияти кормандони ин ниҳод ошно шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тирмизи Узбакистон размоиши муштараки нерӯҳои низомии Узбакистон ва Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон идома дорад.

Ҳамчунин низомиёни Тоҷикистон, Белорус, Русия ва Ветном барои ширкат дар мусобиқоти байналмиллалии артишҳои чанд кишвар, ки дар размоишгоҳи Фориш дар ҳавзаи маркази низомии Узбакистон баргузор мегардад вориди ин минитақа шуданд.