Август 12, 2022 19:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳайати Фаластин дар Душанбе

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар душанбе бо ҳайати фаластинӣ ба раёсати мудири Агентии давлатии ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Аммод Зуҳайр ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаластин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор роҷеъ ба авзои Фаластин, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷориву кишоварзии Тоҷикистон ва Фаластин баҳсу табодули назар шуд.

Тарафҳо ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Равобити миёни Тоҷикистон ва Фаластин дар таърихи 6 ноябри соли 1992 барқарор шудааст. Сафорати Фаластин дар Душанбе дар соли 2020 ифтитоҳ шуд, ки дар ҳоли ҳозир Луи Исо, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мебошад.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин кишвар аз муборизоти озодихоҳонаи миллати Фаластин ҳамвора ҳимоят хоҳад кард.

 

Барчасп