Август 15, 2022 14:27 Asia/Dushanbe
  • Азим Иброҳим ба Туркманистон сафар кард
    Азим Иброҳим ба Туркманистон сафар кард

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар раъси як ҳайат ҷиҳати ширкат дар ҳамоиши вазирони нақлиёти кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ба Туркманистон сафар кард.

Ба гузориши «Спутник», дар ҳамоиши мазкур намояндагони 32 кишвари рӯ ба тавсеаи маҳсур дар хушкӣ ё кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, бо иттифоқи ҳудуди 30 созмони хориҷиву байналмилалӣ ширкат мекунанд.

Дафатари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ин конфронс 15 ба 16 августи соли равон дар мавзеи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон баргузор мешавад.

Қарор аст вазири нақлиёти Тоҷикистон раёсати ҷаласаи чаҳоруми ҳамоиш таҳти унвони “Суръатбахшии рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ ва транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқаррорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19”-ро ба дӯш дошта бошад”.

Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар ин ҳамоиш ҳамчунин шомили сардори муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Раҳмиддин Саломзода ва намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон аст.

Ҳамоиши мазкур масоили рушди долонҳои нақлиётии минтақаӣ, ҳамгироии системаи зерсохтори ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд дод.

Тоҷикистон яке аз 32 кишвари маҳсур дар хушкӣ дар ҷаҳон аст, ки ҳеҷ роҳи баромад ба баҳрро надорад. Аз ин хотир, ин кишвар талош мекунад, ки ба хотири рушди тиҷорат тариқи даҳлезҳои нақлиётӣ бо бандарҳо дар ҷанубу шимол васл шавад.

Қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар пайи даст ёфтан ба ҳадафи стратегии бурунрафт аз бунбасти иртиботӣ як ҳадафи дигарро ба унвони табдил ёфтан ба як кишвари транзитӣ рӯи даст гирифтааст.

 

Барчасп