Август 22, 2022 18:35 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити парлумони дар дастури кори маҷлиси Эрон ва Тоҷикистон
    Тавсеаи равобити парлумони дар дастури кори маҷлиси Эрон ва Тоҷикистон

Дар дидори раиси гуруҳи дустии парлумони Эрон ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷалил Раҳимӣ, раиси гуруҳи дустии парлумони Эрон ва Тоҷикистон, узви кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ бо Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Зокирзода хотирнишон кард, ки давлат ва парлумони Тоҷикистон дар равобити байналмиллалии худ ба ҳамкори бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти ҷидди медиҳанд.

Раиси гуруҳи дустии парлумони Эрон дар суханони худ сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси шӯрои исломӣ ба Тоҷикистонро оғози фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ду кившари бародар унвон кард ва хостори тақвияти маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи ташдиди фаъолияти гуруҳҳои дустии муштарак шуд.

Image Caption

 

Дар ҷараёни ин дидор мавзуъоти мухталифи мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳсу барраси қарор гирифтанд.

Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва парлумони Тоҷикистон бо имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои байни парлумони дар 29 октябри 2011 мабнои қонуии ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам карданд.

То кунун дар заминаи ҳамкориҳои байни парлумонии ду кишвар гомҳои пойдори бардошта шуд ва иҷлоси маҷозии гуруҳи дусти ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, ки моҳи марти имсол баргузор шуд баёнгари ин амр аст.

Пеш аз ин раиси гуруҳи дустии парлумони Эрон ва Тоҷикистон бо Содиқ Икромӣ, муъовини вазири хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар як фазои дусти баргузор шуд, масоили мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

 

Барчасп