Тоҷикистон содир кунандаи семент ба Узбакистон
(last modified Thu, 25 Aug 2022 04:01:21 GMT )
Август 25, 2022 09:01 Asia/Dushanbe
  • Баъд аз Тоҷикстон Қирғизистон бештарин мизони сементро ба Узбакистон содир мекунад
    Баъд аз Тоҷикстон Қирғизистон бештарин мизони сементро ба Узбакистон содир мекунад

Тоҷикистон содир кунандаи аслии семент ба Узбакистон аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, аз июн то июли имсол 1.3 миллион тонн семент ба арзиши 52.5 миллион доллар аз Тоҷикистон ба Узбакистон содир шудааст.

Кумитаи омори давлатии Узбакистон ҳамчунин аз дигар содир кунандагони семент ба Узбакистон ном бурд.

Баъд аз Тоҷикстон Қирғизистон бештарин мизони сементро ба Узбакистон содир мекунад.

Дар 7 моҳи имсол 385 ҳазор тонн семент аз ин Ҷумҳӯри ба Узбакситон ирсол шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта беш аз 4.2 миллион тонн семент дар Тоҷикистон  тавлид шуд.Тибқи омори солона ҳудуди 1.5 миллион тонн аз кулли сементи тавлиди ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.

Бештар бихонед: