Даргузашти раиси собиқи Ҳизби Демократи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90402-Даргузашти_раиси_собиқи_Ҳизби_Демократи_Тоҷикистон
Раиси собиқи Ҳизби Демократ ва яке аз иқтисоддонҳои матраҳи Тоҷикистон дар синни 63 солагӣ дори фониро видоъ гуфт .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 27, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти раиси собиқи Ҳизби Демократи Тоҷикистон

Раиси собиқи Ҳизби Демократ ва яке аз иқтисоддонҳои матраҳи Тоҷикистон дар синни 63 солагӣ дори фониро видоъ гуфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуд Собиров-раиси собиқи Ҳизби Демократи Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ дар зодгоҳаш даргузашт .
Ораш Собиров-фарзанди марҳум бо эъломи ин хабар гуфт, ки падараш тайи чанд соли ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд ва таҳти муроқибатҳои пизишкӣ қарор дошт .
Маросими ташйиъи ҷинозаи ин сиёсатмадори тоҷик дар рустои Суфиёни минтақаи Файзобод, зодгоҳи марҳум, ки вай таи солҳои ахир дар онҷо ба сар мебурд,баргузор шуд .
Собирови 63 сола дар муассисаи иқтисоди Академияи миллии улуми Тоҷикистон ба унвони муҳаққиқ кор мекард.
Марҳум дар солҳои 2006 – 2012 раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт .
Дар соли 2014 вай аз узвият дар Ҳизби Демократ даст кашид ва аз пайвастан ба Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон хабар дод.