Касби мақоми сеюми намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи Биатлони танкҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90424-Касби_мақоми_сеюми_намояндагони_Тоҷикистон_дар_мусобиқаи_Биатлони_танкҳо
Тоҷикистон дар мусобиқаи Биатлони танкҳои Расия мақоми сеюмро касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 28, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Мақоми сеюми танкистҳои Тоҷикистон дар биатлони танкҳо
    Мақоми сеюми танкистҳои Тоҷикистон дар биатлони танкҳо

Тоҷикистон дар мусобиқаи Биатлони танкҳои Расия мақоми сеюмро касб кард.

Тоҷикистон дар мусобиқаи Биатлони танкҳо, ки дар ноҳияи Алабинои Маскав баргузор шуд, мақоми сеюмро ба даст овард.

Танкистҳои Тоҷикистон дар муддати 1 соату 43 дақиқаву 28 сония тавонистанд ба аҳдофи мавриди назари худ дар мусобиқа даст ёбанд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистон бо се гуруҳ, ки ҳар кадом аз се нафар (як фармондеҳи танк, як туфангдор - оператор ва як ронанда) ташкил шуда буданд, дар ин рақобатҳо ҳузур доштанд.

Намояндагони Сурия мақоми дувумро ба даст оварданд

Тими Миёнмор қаҳрамони мусобиқаи Биатлони танкҳо шуд.

Соли 2021 тими Тоҷикистон ба нишони нуқра даст ёфта буд.

Биатлони танкҳо рӯйдоди варзишие, ки дар артиши Русия бо шабоҳатҳое ба варзиши зимистонии биатлон густариш ёфтааст. Ин варзиш бо бакоргирии маҷмуае аз тавоноиҳои хадамаи танк, шомили маҳорати убур аз замини сахт ба ҳамроҳи тавоноии тирандозии дақиқу фаврӣ дар размоиш иҷро мешавад.