Афзоиши 27 дарсадии воридоти фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 29 Aug 2022 12:20:56 GMT )
Август 29, 2022 17:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 27 дарсадии воридоти фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон

Дар 7 моҳи соли ҷорӣ воридоти фаровардаҳо(маҳсулот)и нафтӣ ба Тоҷикистон 27 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс,  дар ин муддат 411 ҳазор тони навъҳои гуногуни фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст .
Саҳми фаровардаҳои нафтӣ аз кулли воридоти Тоҷикистон таи моҳҳои январ то июли соли ҷорӣ 12.2 дарсад афзоиш ёфт. Ин нишондод дар муддати мушобеҳи соли гузашта муодили 8.5 дарсад будааст .
Бино бар  эъломи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид мешавад, 6 дарсади дигар аз Қазоқистон ва миқдори каме аз Узбекистон, Беларус ва Ҷумҳурии Озарбойҷон харидорӣ мешавад .
Воридкунандаи аслии фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон ширкати Газпромнафт – Тоҷикистон аст.