Кумаки 10 миллион евроии Комиссияи Аврупо ба бахши энержии Тоҷикистони
(last modified Thu, 01 Sep 2022 04:14:45 GMT )
Сентябр 01, 2022 09:14 Asia/Dushanbe
  • Кумак ба бахши энержии Тоҷикистон
    Кумак ба бахши энержии Тоҷикистон

Идораи кулли ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энержӣ 10 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.

Бинобар гузориши Комиссияи Аврупо, ин тарҳ истифода аз манобеи энержии пойдор дар Тоҷикистонро бо ҳифзи муҳити ниҳодӣ ва назоратии муносиб дар бахши энержӣ тарвиҷ мекунад.
Хотирнишон мешавад, ки буҷети тахсисёфта, ба вижа бояд ба тавсеаи зарфияту короии Вазорати энергетика ва манобеи об, ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ва Идораи мудирияти барқи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон кумак кунад.

Илова бар ин, ин тарҳ ба тақвияти таомул дар бахши энержӣ ва коҳиши интишороти газҳои зарарнок барои муҳити зист кумак хоҳад кард.