Кумаки 10 миллион евроии Комиссияи Аврупо ба бахши энержии Тоҷикистони
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90566-Кумаки_10_миллион_евроии_Комиссияи_Аврупо_ба_бахши_энержии_Тоҷикистони
Идораи кулли ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энержӣ 10 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 01, 2022 09:14 Asia/Dushanbe
  • Кумак ба бахши энержии Тоҷикистон
    Кумак ба бахши энержии Тоҷикистон

Идораи кулли ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энержӣ 10 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.

Бинобар гузориши Комиссияи Аврупо, ин тарҳ истифода аз манобеи энержии пойдор дар Тоҷикистонро бо ҳифзи муҳити ниҳодӣ ва назоратии муносиб дар бахши энержӣ тарвиҷ мекунад.
Хотирнишон мешавад, ки буҷети тахсисёфта, ба вижа бояд ба тавсеаи зарфияту короии Вазорати энергетика ва манобеи об, ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ва Идораи мудирияти барқи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон кумак кунад.

Илова бар ин, ин тарҳ ба тақвияти таомул дар бахши энержӣ ва коҳиши интишороти газҳои зарарнок барои муҳити зист кумак хоҳад кард.