Кумаки 10 миллион евроии Комиссияи Аврупо ба бахши энержии Тоҷикистони
Сентябр 01, 2022 09:14 Asia/Dushanbe
Идораи кулли ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энержӣ 10 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.
Бинобар гузориши Комиссияи Аврупо, ин тарҳ истифода аз манобеи энержии пойдор дар Тоҷикистонро бо ҳифзи муҳити ниҳодӣ ва назоратии муносиб дар бахши энержӣ тарвиҷ мекунад.
Хотирнишон мешавад, ки буҷети тахсисёфта, ба вижа бояд ба тавсеаи зарфияту короии Вазорати энергетика ва манобеи об, ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ва Идораи мудирияти барқи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон кумак кунад.
Илова бар ин, ин тарҳ ба тақвияти таомул дар бахши энержӣ ва коҳиши интишороти газҳои зарарнок барои муҳити зист кумак хоҳад кард.
Барчасп