Тасмими Тоҷикистон барои иртиқои амнияти асноди маҳрамона
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд ҳифозат аз иттилооти давлатиро тақвият кунанд.
Ба гузориши сомонаи Асия плюс, Ҳукумати Тоҷикистон барномаеро тарроҳӣ кардааст, ки бо сарфи ҳазинае болиғ бар 15.6 миллион сомонӣ, асноди давлатиро ҳифозат кунад.
Ин мусаввабаи давлат дар 30 август дар портоли иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ин кишвар мунташир шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.
Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.
Дар санад гуфта мешавад, истифодаи васеи технологияҳои муосир дар фаъолияти аксарияти соҳаҳои давлатӣ ҷараёни дастрасии кишварҳои хориҷиро ба маълумоти махфӣ осон кардааст.