Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ширкат кард.
Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар конфронси ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Қазони ҷумҳурии Тотористони Русия баргузор шуд, ширкат кард.
Ҳамчунин 30 нафар аз ҷавонони тоҷик ба сарпарастии Шабнам Раҳимзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд.
Ин конфаронс дар чорчӯби барномаи байналмиллалии “ Қазон – пойтахти ҷавонони Созмони ҳамкории исломӣ – 2022 ” баргузор шуд ва 300 намоянда аз 50 кишвар дар он ширкат карданд.
Дар чорчӯби ин конфронс Рустам Минихонов, раиси ҷумҳурии Тотористон бо намояндагони расмии кишварҳои ширкаткунанда дар конфронси байналмиллалии ҷавонон дидору гуфтугӯ кард.