Насби дурбинҳои контроли роҳбандон дар шаҳри Душанбе
Сентябр 04, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
Коршиносони рус дар ҳоли насби дурбинҳои назоратӣ дар шаҳри Душанбе барои назорат бар роҳбандон ҳастанд.
Ба гузориши “Спутник”, Евгенйи Коренков, намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ҳамкорӣ бо бахши фанноварии иттилоот воқеан мавзуи бисёр муҳиме аст.
Ба гуфтаи вай, ин ширкати русӣ буд, ки маблағи диҷиталӣ кардани асноди мухталифу асноди давлатиро баранда шуд.
Вай изҳор дошт, ду кишвар қарордоди сармоягузорӣ ба арзиши наздик ба 60 миллион доллар дар ин бора имзо карданд.
Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон дар идома афзуд, бар асоси ин санад дурбинҳои роҳбандон (пробка) дар шаҳри Душанбе барои контроли ҳаракати мошинҳо насб мешавад.
Барчасп