Омодагии Тоҷикистон барои фасли сармо; нерӯгоҳҳо дар ҳоли таъмир ҳастанд
Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон дар ҳоли бозсозӣ ва таъмир аст . Муҳаммадамин Муҳаммадсайидзода-муҳандиси калони нерӯгоҳи Норак бо баёни ин матлаб гуфт : Мутахассисони нерӯгоҳ дар ҳоли ҳозир машғӯли таъмиру нигаҳдории таҷҳизот барои баҳрабардории муназзам ва таъмини барқ дар фасли зимистон ҳастанд
. Вай афзуд : Таъмири деги системаи гармоиш ва таъмини оби гарм, нигаҳ доштани дизели генераторҳо дар ҳолати омода ба кор анҷом шудааст . Ӯ изҳор кард Тоҷикистон 115 миллион доллар кумак барои бозсозии нерӯгоҳи Норак дарёфт кард . Коркунони нерӯгоҳи Байғозӣ низ эълом кардаанд, ки ба таври ҷиддӣ барои тавлиди муназзами барқ дар пойизу зимистони 2022 - 2023 омода мешаванд . Тоҷикистон барқро бештар аз нирӯгоҳҳои барқии обӣ тавлид мекунад ва дар ҳоли ҳозир таъминкунандаи аслии барқи кишвар нерӯгоҳи " Норак "аст . Таи 7 моҳи имсол 12 миллиарду 502. 7 миллион киловатт соъат барқ дар Тоҷикистон тавлид шудааст, ки беш аз 93 дарсади он марбут ба нерӯгоҳҳои барқ-обӣ аст