Сентябр 06, 2022 19:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Муҳриддин ва Лавров бар густариши равобити дуҷониба

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Русия дар дидор бо якдигар бар густариши равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ таъкид карданд.

Дар ҳашт моҳи соли ҷории милодӣ мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Русия ба ҳудуди як миллиард доллар расида, ки нисбат ба давраи мушобеҳи як соли пеш 40 дарсад бештар шудааст.

Ба гузориши Форс, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров, вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия имрӯз (сешанбе) дар дидор бо якдигар дар шаҳри Маскав дар бораи муҳимтарин мавзуъоти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, низомӣ ва низомӣ - фаннӣ ва ҳамчунин амнияти минтақаӣ ва таъомулоти ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар карданд.

Муҳриддин ва Лавров раванди тавсеаи пуёи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷонибаро мусбат арзёбӣ ва дар хусуси омодагӣ ба нишасти сармоягузории «Тоҷикистон - Русия», ки қарор аст, дар 15 сентябри 2022 дар Душанбе баргузор шавад, гуфтугу карданд.

Муҳриддин ва Лавров дар поёни ин дидор барномаи ҳамкориҳо байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022 – 2023-ро ба имзо расонданд ва ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи тасовири архивии инҳисорӣ ва асноди поя дар робита ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар ширкат карданд.

 

Барчасп