29 сол зиндон барои як қотил дар шаҳри Душанбе
Қотил ва мутаҷовиз ба духтари 14 сола дар шаҳри Душанбе ба 29 сол зиндон маҳкӯм шуд.
Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, Владимир Шерстнёв, як сокини шаҳри Душанбе, ки моҳи феврали соли равон бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир шуда буд, 29 сол зиндонӣ шуд.
Манбаъ навиштааст, ки Шерстнёв бо моддаҳои 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят), 138 қисми 3 банди “а” (сӯиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба сини чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104 қисми 2 банди “в” (одамкушӣ нисбати шахси баръало ноболиғ) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ҳукми ӯ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ содир шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, 28 феврали соли 2022, ҷинояткор дар ҳоли мастӣ ноболиғи хурдсол Марҳабо Ғоибназарова, ки дар якҷоягӣ бо модараш дар хонаи ӯ зиндагӣ мекард, дар манзили зисти шаҳрванд Ҷаҳонгир Юсупов, ки Шерстнёв дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯпуш намудани ҷинояташ духтарро буғӣ карда мекушад ва байни кӯрпаҳо пинҳон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир ҳодисаҳои пурсарусадои таҷовуз ва қатли ноболиғон дар кишвар зиёд садо медиҳад.