Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостори коҳиши вазни афсарони полис шуд
(last modified Sat, 10 Sep 2022 06:38:08 GMT )
Сентябр 10, 2022 11:38 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостори коҳиши вазни афсарони полис шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба изофавазни афсарони полис аз ин афрод хост то вазни худро коҳиш диҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба изофавазни афсарони полис аз ин афрод хост то вазни худро коҳиш диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, дар минтақаи Хатлон ба афсарони полиси фарбеҳ вазорати корҳои дохилӣ тавсия шуд, ки аз маконҳои таърихӣ боздид кунанду бештар қадам бизананд.

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мавзӯи фарбеҳии кормандонро шарҳ надоданд, вале гуфтанд, воқеан бо дастури вазир “барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, саломатии ҳайати шахсӣ ва ошно шудан ба таърихи гузаштагон” кормандони милиса ба саёҳат ҷалб шудаанд.

Ин аввалин бор нест, ки аз полиси Тоҷикистон дархост мешавад то вазни худро коҳиш диҳанд.

Соли 2016 ВКД муқаррарот ҷорӣ кард, ки бар асоси он як марди милиса бояд аз 168 ва зани милиса аз 160 сантиметр поён набошад. Вазни онҳо бояд ба қадашон мувофиқат кунад.