Сентябр 11, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Дидори Муҳриддин бо теъдоде аз вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7 сентябр бо теъдоде аз вазирои хориҷаи кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидор бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ, муовини нахуствазир, вазири умури хориҷаи кишвари Қатар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва соири мавзуоти мавриди алоқаи тарафайн мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, вазири умӯри хориҷаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ, мавзуоти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп