Вокуниши сафири Эрон дар Душанбе ба чаҳорумин дидори раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон дар як сол: Меҳр дар дидор аст
(last modified 2022-09-16T11:19:00+00:00 )
Сентябр 16, 2022 16:19 Asia/Dushanbe
  • "Меҳр дар дидор аст"

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки барои ширкат дар иҷлоси Шанхай ба Самарқанд сафар кардааст, барои чаҳорумин бор дар як соли гузашта бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар вокуниш ба ин рӯйдод дар Твиттер навишт: “Меҳр дар дидор аст”.

Чаҳорумин дидори раисони ҷумҳурии ду кишвар дар як соли гузашта нишондиҳандаи азми ду кишвар дар наздикии ҳар чӣ бештари Эрону Тоҷикистон ба якдигар ва иртиқои равобити дӯстонаву тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ пас аз интихоб ба унвони раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамсояро барномаи роҳбурдии сиёсати хориҷии давлати худ муаррифӣ кард.

 

Барчасп