Нақзи оташбас дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз (ҷумъа) эълом кард, сарбозони пости марзии Қирғизистон бо тирандозӣ ба постҳои марзӣ тавофуқоти бадастомада дар хусуси оташбасро нақз кардаанд.
Таниши марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон маъмулан ҳарчанд вақт якбор ташдид мешавад, аммо хеле зуд ҳам фурӯкаш мекунад. Субҳи рӯзи чаҳоршанбе даргирӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод.
Ба гузориши “Спутник”, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, аз субҳи имрӯз, ҷумъа даргириҳои мусаллаҳона дар тамоми ҷиҳоти марзи давлатӣ бо Қирғизистон идома дорад, зеро тарафи қирғиз пазириши пешниҳоди Душанбе барои гуфтугӯҳои сулҳро нодида гирифту ҷамъияти шаҳракҳои Тоҷикистонро дар маърази гулӯлаборони шадид қарор дод.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Қирғизистони ҳам эълом кард, ки то соати 07: 00 рӯзи ҷумъа 31 нафар дар ҷараёни даргириҳои марзӣ бо Тоҷикистон маҷруҳ шудаанд.
Ҳамчунин Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо муқассир донистани тарафи тоҷик ба нақзи оташбас эълом кард, даргирии шадид ҳамчунон идома дорад.
Қирғизистон дар гузашта ҳам борҳо бо нақзи оташбас ба даргирӣ оғоз кардаву сипас тарафи тоҷикистониро муттаҳам ба даргирӣ мекард.
Тоҷикистону Қирғизистон ахиран бо берун бурдани таҷҳизоти низомӣ аз марз мувофиқат карда буданд.
Бар асоси оморҳои расмӣ, дар ҷараёни ин даргириҳо ду неруи низомӣ ва се шаҳрванди қирғиз захмӣ ва ҳамчунин ду сарбози тоҷик кушта ва панҷ ғайринизомӣ ба ҳамроҳи шаш сарбози дигари маҷруҳ шудаанд.
Бештар бихонед: