Сентябр 22, 2022 11:38 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши размикори тоҷик

Варзишкори тоҷик бо шикасти ҳарифи худ ба мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои размии"UFC" роҳ ёфт.

Нурулло Алиев, мкштзани тоҷик дар мубориза барои ақди қарордод бо UFC дар даври аввали Ҷош Вики, варзишкори амрикоиро шикаст дод.

Пеш аз баромадан ба октагон (толор) варзишгари мағлубнашуда аз Тоҷикистон Нурулло Алиев (6-0) дар саҳифаи худ дар Инстаграм ба ғалабаи худ изҳори итминон карда, аз ҳаводоронаш даъват кард, ки барои Тоҷикистон мухлисӣ кунанд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷик дар ташкилоти UFC шуд. 

Пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дейна Уайт суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст, ки дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд.

Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар якчанд мусобиқаҳои дохилӣ қувваозмоӣ кард. Қувваозмоии охирини худро ӯ моҳи сентябри соли гузашта доир намуда, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд.

Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Уқоби Тоҷик” то имрӯз 6 бурд дошта, ягон бохт надорад.

 

Барчасп