Ирсоли 200 ҳазор воя ваксинаи «Pfizer» ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 25 Sep 2022 13:15:34 GMT )
Сентябр 25, 2022 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 200 ҳазор воя ваксинаи «Pfizer» ба Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз дарёфти ҳудӯди 200 ҳазор воя воксан корона хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, вояҳои мазкур дар доираи механизми ҷаҳонии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо COVAX ба мамлакат ворид гардида, дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ мешаванд ва тибқи талабот, ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол мегарданд.

Эмгузаронии ҷамъияти Тоҷикистон бо истифода аз 5 навъи воксан, аз ҷумла «Coronavac», «AstraZeneca», «Moderna» ва «Pfizer» ва « Sputnik V»  идома дорад.