Сироҷиддин Муҳридин: Афғонистон дар ҳоли табдил шудан ба макони амни террористҳо аст
Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон дар суханронии худ дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Афғонистон ба суръат ба паноҳгоҳи террористҳо ва маҳали густариши афкори бунёдгароёнаи Толибон дар минтақа табдил мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Ҷумҳури вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд: Мо шоҳиди кори системотики ҳастем, ки бар асоси он ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷангҷуёни хориҷи ба шимоли Афғонисон интиқол дода мешаванд ва ҳадафи он эҷоди бистари нав танишҳо дар наздикии марзҳои мо аст.
Пеш аз ин Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон низ дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал гуфта буд, ки Афғонистон ба макони амни террористҳо табдил шуда аст.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти ҳукумати Толибон иддаҳои матраҳ шуда мабни бар табдил шудани Афғонистон ба макони амни террористҳоро рад кард ва эълом карданд ба ҳеҷ гуруҳи хориҷӣ иҷозаи фаъолияти низомӣ дар Афғонистон дода намешавад.