Қосимшоҳ Бекмуҳаммад: Тағйир дар равобити Тошканд бо Душанбеву Бишкек умедбахш аст
Коршиноси тоҷик тағйир дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро баъд аз сари Ислом Каримов дилгармкунанда донист.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Қосимшоҳ Бекмуҳаммад, коршиноси сиёсии тоҷик гуфт, тағйир дар равобити Тошканд бо Душанбеву Бишкек умедбахш аст.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, дар тӯли се моҳи баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Узбакистон, дар равобити Тоҷикистону Узбакистон воқеаҳои умедворкунандае сурат гирифтааст.
Қосимшоҳ Бекмуҳаммад сафари вазири хориҷаи Узбакистон -Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва тақозои вай барои азсаргирии ҳамкориҳои иқтисодӣ, эҳёи иртиботи роҳи оҳану ҳавоӣ ва ҳалли мунсифонаи масоили обу энержӣ, ҳамчунин хомӯшии Узбакистон ҳангоми бастани ҷараёни рӯдхонаи Вахш ба манзури идомаи кор дар нерӯгоҳи обии “Роғун” -ро аз тағйироти мусбати ахир дар равобити Тоҷикистону Узбакистон эълом кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки равобити Душанбеву Тошканд дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта ба сардӣ гароиадаву дар баробари коҳиши муомилоти молии ин кишварҳо, миёни Тоҷикистону Узбакистон низоми раводид роҳандозӣ шуд.
Аммо коршиносон умедвор ҳастанд, ки бо рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Узбакистон, равобити Тоҷикистону Узбакистон ба таври мусбат тағйир кунад.
Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чаҳоруми декабр дар Узбакистон баргузор шуд ва Шавкат Мирзиёев, нахуствазири собиқи ин кишвар бо гирифтани аксарияти раъй ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд.
Раиси ҷумҳури қаблии Узбакистон Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.