Октябр 05, 2022 19:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷкистон бар густариши равобити дуҷониба
    Таъкиди раисони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷкистон бар густариши равобити дуҷониба

Раисони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон дар гуфтугуи телефони бо якдигар бар густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Қосим Жормат Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон раисони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон имрӯз чаҳоршанбе дар гуфтугуи телефони бо якдигар ба манзури густариши равобити дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои стратежики, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузори, фарҳангӣ, ва башардустона ва ҳамчунин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Қосим Жормат Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастури кори шашумин иҷлоси сарони конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё, нишасти шӯрои сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ва иҷлоси сарони Осияи Марказӣ-Русия, ки дар таърихи 13-14 октябр дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешавандро барраси карданд.

 

Барчасп