Ҳузури неруҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар Исфара
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон теъдоде аз неруҳои худро ба манзури рафъи сареъи хисороти ношӣ аз таҳоҷуми низомии Қирғизистон ба шаҳри Исфара фиристод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳудуди 70 тан аз коркунони худро ба манзури рафъи сариъи хисороти ношӣ аз таҳоҷуми низомии Қирғизистон ба шаҳри Исфара фиристод .
Бозсозии манозилу соири зерсохтҳо дар рӯстоҳои тахрибшуда ба суръат идома дорад ва таъмири хонаҳои ниматахрибшуда низ рӯ ба итмом аст .
Ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта Музаффар Юсуфзода, сухангӯи ҳукумати Суғд гуфта буд: « То ибтидои ноябр манозили маскӯнии шаҳрвандони осебдида бозсозӣ мешавад » .
Ба гуфтаи ӯ, раиси вилояти Суғд низ дастуроти вижае ба масъӯлон барои шитоб дар бозсозӣ ва сохти хонаҳо содир кард .
Беш аз 1.5 ҳазор тон семент, 1.5 ҳазор метри мукааби чубу тахта, 24.4 ҳазор қитъа санг, 406 тон оҳан барои бозсозӣ ихтисос ёфтааст .
Дар айни ҳол 30 тон орд, 15 тон биринҷ, 6 тон шака, 6 тон макарон ва 9 ҳазор литр равған байни сокинони минтақа тақсим шуд .
Дар таҳоҷуми низомии Қирғизистон аз 14 то 18 сентябр ба хоки Тоҷикстон 80 нафар аз ҷумла афсарон, занон ва кӯдакон ҷон бохтанд.
85 хона дар ин даргириҳо ба таври комил тахриб шуд ва 180 хонавода овора шуданд .