Даъвати Тоҷикистон аз тоҷирони олмонӣ барои сармоягузорӣ
(last modified Fri, 14 Oct 2022 14:19:55 GMT )
Октябр 14, 2022 19:19 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Тоҷикистон аз тоҷирони олмонӣ барои сармоягузорӣ

Ба ибтикори сафорати Тоҷикистон ва Анҷумани федеролии тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷии Олмон маросиме бо мушорикати сармоягузорон, намояндагони ширкатҳои мухталифи олмонӣ, коршиносони минтақаӣ ва рӯзноманигорон бо ҳадафи тақвияти равобити тиҷорӣ баргузор шуд.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин бо баёни инки ҳануз аз зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷории Тоҷикистон ба таври комил истифода нашуда ва фурсатҳои зиёде барои густариши фаъолиятҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ вуҷӯд дорад, гуфт, банобар ин Тоҷикистон алоқаманд ба ҷазби сармоягузории мустақими хориҷӣ, фанновариҳои навин аз Олмон барои истифода аз имконоти мавҷӯд, фароварии маҳсӯлоти мухталифи санъатӣ ва аз ин тариқ тавсеаи иқтисоди миллии худ аст.

Урс Ункауф, мудир омили федеролии Анҷумани федероли тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷии Олмон таъкид кард, ки алоқаи маҳофили мухталифи олмонӣ барои эҷоди ҳамкориҳои мутақобили сӯдманд бо Тоҷикистон зиёд аст ва созмони вай ба тарвиҷи ин ибтикор кумак хоҳад кард.

Дар поёни ин рӯйдод, ширкаткунандагон ба суолоти мутаъаддиди худ дар мавриди имкони ҳамкории бештар, шароит ва чорчӯби қонӯнии сармоягузорӣ ва ҳамчунин вазъияти кунӯнии минтақа посухҳои мушаххасе дарёфт карданд.