Октябр 15, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди додситонҳои кулли Тоҷикистону Беларус бар мубориза бо тероризм

Дар дидори додситонҳои кулли Тоҷикистону Беларус ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи фаромиллӣ, террористӣ ва ифротгароӣ баррасӣ шуд .

Юсуф Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон бо Андрей Швед-додситони кулли Беларус дидору гуфтугӯ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҷараёни ин дидор тарафайн ҳамчунин мавзӯъоти тазмини амнияти миллӣ ва минтақаӣ, ҷилавгирӣ аз фаъолияти созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ба вижа дар миёни муҳоҷирони коргар ва рафъи хатароти дохилии мавҷудро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Тарафайн дар бахши дигар масоили марбут ба таъомули байни додсароҳои ду кишвар дар таҳқиқоти муштараки парвандаҳои ҷиноӣ, иҷрои фаъолиятҳои ҷустуҷӯии фаврӣ, шиносоии созмонҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои якдигарро баррасӣ карданд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп