Размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар Тоҷикистон баргузор шуд
Размоиши низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи бо номи "Марз-2022" бо ҳузури ҳудуди ҳазор низоми ба ҳамроҳи беш аз 300 навъи ҷангафзор аз ҷумла ҷангандаҳои Суху-25, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бедуни сарнишин дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи 15 майи соли 1992 бо ҳузури кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Узбакистон ва Русия дар чорчуби ҷомеъаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар Тошканд ташкил шуд. Ҷумҳурии Озарбойҷон дар 24 сентябри соли 1993 ва Гурҷистон дар 9 декабр ва Белорус дар 31 декабри соли 1993 ба ин паймон пайваст, имзокунандагони ин паймон ҳақи пайвастан ба паймони низомии дигарро надоштанд ва ҳамлаи низомӣ ба яке аз имзокунандагони паймон ба манзалаи таъаруз ба тамоми имзокунандагон талақи мешуд.
Ба гузориши ИРНА, размоиши неруҳои дастаҷамъи истиқорори сариъи минтақаи Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Border-2022" боҳадафи иртиқоъи маҳоратҳои амалии фармондеҳи, кантроли неруҳо ва афзоиши инсиҷоми ягонҳо дар иҷрои вазоиф дар вилояти Хатлон ҷануби Тоҷикистон баргузор шуд.
Кишварҳои Қирғизистон ва Арманистон ва Белорус аз ширкат дар ин размоиши ёздаҳруза худдори карданд, Арманистон ба далели таниш бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин размоиш ширкат накард ва далели ширкат накардани Белорус дар размоиш мушахас нушада аст.
Таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар моҳи сентябри имсол ташдид шуд аз иллати худдории Бишкек аз ҳузур дар ин тамринот зикр шуда аст.
Ин размоиш аз соли 2012 ҳамасола баргузор мешавад, ҳадафи аслии ин созмон таъдил ва таъмиқи ҳамкории низомӣ-сиёсӣ, рушди сохторҳои чандҷонибаи фарояндаҳои ҳамкори барои тазмини амнияти миллии кишварҳои узв бар пояи мабонии муштарак ва кумакрасони шомили кумакҳои низомӣ ба кишварҳои узве, ки қурбонии хушунат шуданд эълом шуда аст.