Октябр 26, 2022 12:34 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ-меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Узбекистон

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо муовини аввали Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон тақвияти ҳамкориҳои гумрукии байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулҷаббор Раҳмонзода-сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо Илҳом Мухторов-муовини аввали Кумитаи давлатии гумруки ин кишвар дидору гуфтугу кард.
Бинобар гузориши сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ду тараф зимни ибрози алоқа ба густариши ҳамкории байни сохторҳои зирабти ду кишвар пешниҳодоти хосеро барои тақвияти фаъолиятҳои муассири хадамоти гумрукӣ дар ҳамлу нақли колову маҳсулот ироа карданд .
Дар ин дидор ҳамчунин масъалаи шитоб дар бозрасии гумрукӣ ва ҷилавгирӣ аз банд мондани худравҳо дар посгоҳҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Ду тараф дар поёни ин дидор дар мавриди аз саргирӣ ва афзоиши имконоти посгоҳи марзии Бекобод ва эҷоди гузаргоҳҳои бозрасии ҷадиди дорои аҳамияти байналмиллалӣ тавофуқ карданд .

 

Барчасп