Октябр 26, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Рушди равобити дуҷониба меҳвари дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷануби
    Рушди равобити дуҷониба меҳвари дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷануби

Дар дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷануби бар зарурияти рушди равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид шуд.

Дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Пок Ҷин вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷануби, ки дар шаҳри Бусон баргузор шуд ду тараф дар мавриди вазъияти равобит ва чашмандози ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баҳсу табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Пок Ҷин ҳамчунин тақвияти пойгоҳи ҳуқуқии таъомулоти миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубиро лозим донистанд.

Дар ин дидор бар алоқамандии мутақобил нисбат ба беҳбуди бештари равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, энержӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ, илми ва фанни, муҳоҷирати неруи кор ва ҳамчунин густариши равобити байни парлумони ва тақвияти ҳамкориҳо дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ таъкид шуд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар понздаҳумин иҷлоси вазирони хориҷаи маҷмаъи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ+Кореяи Ҷануби, ки дар шаҳри Бусон баргузор шуд ширкат ва зимни суханронии худ мавзеъи Тоҷикистонро нисбат ба заминаҳои густариши равобити ду ва чанд ҷониба бо Кореяи Ҷанубиро баён кард.

Дар ҳошияи ин иҷлос ҳамчунин 5 нишасти мавзуъи дар ҳавзаҳои беҳдошту дармон, ҳамкориҳои рақами, амнияти иқтисодӣ, гардишгарӣ, муҳити зист ва энержӣ ба сурати ҳузури ва маҷозӣ баргузор шуд.

Барчасп