Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар иттиҳоди талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар масъалаи об
(last modified Wed, 26 Oct 2022 14:42:03 GMT )
Октябр 26, 2022 19:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар иттиҳоди талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар масъалаи об
    Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар иттиҳоди талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар масъалаи об

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи нишасти раиси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар заминаи омодаги барои конфронси об, Созмони Миллал дар соли 2023 гуфт: Об қудрати зиёди дорад ва бояд аз он ба дурусти ва оқилона истифода кунем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Рамҳон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Об метавонад тарафҳои мухталифи аз манотиқи боло об ва поён об, куҳо ва дараҳо кишварҳо рушдёфта, кишварҳои дар ҳоли рушд, кишварҳои кам тавсеаёфтаро гирди ҳам овард ва ҳамкории кишварҳои мо қаътан намунаи ошкори ин масъала аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки даҳҳаи иқдоми байналмиллалӣ "Об барои рушди пойдор" барои солҳои 2018-2028 ки ба ибтикори Тоҷикистон эълом шуда аст заминаи хуб барои иттиҳод талошҳои ҷамеъаи ҷаҳонӣ эҷод карда аст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подшоҳи Ҳоланд ба унвони раисони муштараки конфронси ҳамроҳ бо ниҳоди Созмони Миллали Муттаҳид дар умури иқтисодӣ, иҷтимоъӣ талош мекунанд то ин конфронс барои ҷаҳониён лаҳзаи таҳавулоти кулли дар заминаи об гардад.

Ин дар ҳоле аст, ки маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар таърихи 20 декабри соли 2018 баррасии миёнмуддати ҷомеъи иҷрои даҳҳаи иқдоми байналмиллалии "Об барои рушди пойдор 2018-2028"ро тасвиб кард. Дар ин қатънома омада аст, ки конфронси баррасии минёмуддати ҷомеъи иҷрои аҳдофи даҳҳаи иқдоми байналмиллали аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Нию-Йорк ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подшоҳии Ҳоланд баргузор мешавад.