Боздиди ҳайати дафтари минтақаии аврупоии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон
(last modified Sat, 29 Oct 2022 12:42:24 GMT )
Октябр 29, 2022 17:42 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати дафтари минтақаии аврупоии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон

Ҳайати дафтари минтақаии аврупоии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ(СБҶ) аз Тоҷикистон боздид кард.

Аз соли 2015 ҳеҷ мавриди бемории вараҷа (малариё) дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст.

Ба гузоириши сомонаи Ховар, бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2021 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони директори генералии СБҶ ва директори Бюрои минтақавии аврупоии СБҶ оид ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» дархост пешниҳод гардида буд.

Дар асоси ин дархост Комиссияи коршиносони мустақили байналмилалӣ дар ҳайати профессорон Педро Алонсо ва Фред Бинка, инчунин намояндаи Бюрои минтақавии аврупоии СБҶ доктор Ҳонг Ли ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳисоботи Комиссияи мазкур ба унвони директори СБҶ пешниҳод гардида, оид ба натиҷаи ниҳоии ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сертификати СБҶ ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» давоми се моҳи оянда хабарномаи СБҶ ирсол мегардад.