Тафоҳумномаи ҳамкори байни маркази таҳқиқоти стратежикии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳанги мутолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон
(last modified Tue, 01 Nov 2022 14:22:18 GMT )
Ноябр 01, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳумномаи ҳамкори байни маркази таҳқиқоти стратежикии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳанги мутолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон
    Тафоҳумномаи ҳамкори байни маркази таҳқиқоти стратежикии Тоҷикистон ва муассисаи фарҳанги мутолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон

Рузи 31 октиябр Хайриддин Усмонзода, раиси маркази таҳқиқоти стратежики зери назари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Обид Акрбари, раиси муассисаи фарҳангии мутолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон дар шаҳри Теҳрон пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ки тайи он тафоҳумномаи ҳамкори имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар Обид Акбарзода раиси муассисаи фарҳангии мутолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳро дар ин нишасти ҳамкории илми-пажуҳишии муштарак бо маркази таҳқиқоти стратежикии Тоҷикистонро муҳим ва ба мавқеъ арзёби кард ва таъкид кард, ки густариши равобити илмӣ, таҳлили ва таҳқиқотии муштараки мавзуъоти мухталифи минтақаӣ ва байналмиллалӣ имкон медиҳад то аз назари фикри тавсеяҳои муфидеро барои ҳифзи манофеъи дуҷонибаи кишварҳои худ ироа диҳанд.

Хайриддин Усмонзода, раиси маркази таҳқиқоти стратежии Тоҷикистон низ дар ин дидор аз истиқоли самимонаи тарафи эронӣ қадрдони кард ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилии байни марказҳои фикрии ду кишварро руйдоди муҳим донист.

 

Барчасп