Декабр 08, 2016 19:33 Asia/Dushanbe
  • Маркази барқу гармидҳии “Душанбе-2” ба истифода дода шуд

Маркази барқу гармидиҳии мавсум ба “Душанбе-2” рӯзи 8-уми декабр бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба гузориши маркази матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон бо ифтитоҳи маркази мазкур беш аз 700 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи ин марказ оғоз ба кори ин иншооти муҳимро гоме устувор дар роҳи расидани кишвар ба истиқлоли комили энержӣ арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, баробари пайваст шудани иншооти имрӯза ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат иқтидори умумии марказҳои барқу гармидиҳии кишвар ба 800 мегаватт баробар мешавад, ки 50 дарсад ё 400 мегаватти он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Ҳамчунин дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт/соат нерӯи барқ тавлид шуда, дар натиҷа, таъмини шабонарӯзии нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли гузашта 16 дарсад афзоиш меёбад.

Бино ба иттилои коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии нерӯи барқ фароҳам мешавад, ки ин амр шароити таъмини аҳолии ин кишварро бо нерӯи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.

Бар асоси гузориши мутахасисон, агар дар фасли гармо дар пойтахти Тоҷикистон дар як шабонарӯз то панҷ-панҷуним миллион киловатт/соат нерӯи барқ истифода шавад, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда то 14 – 15 миллион киловатт / соат афзойиш меёбад.

Гуфтанист, фазаи дуввуми Маркази гармидиҳии “Душанбе-2” тавоноии тавлиди 300 мегават неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ дорад. Иншооти мазкур бо маблағи 2,7 млрд сомонӣ тавассути ширкати ТВЕА-и Чин бунёд шудааст.

Бо баҳрабардории ин иншоот иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ бо назардошти фазаи аввали он ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт/соат нерӯи барқ ва 235 гигакалория гармӣ дар як шабонарӯз расонида шуд. Акнун Маркази барқу гармидиҳӣ метавонад ҳудуди 60 дарсади талаботи шаҳри Душанбе ба нерӯи барқро таъмин  намояд.

Гуфта мешавад, барои идора ва танзими фаъолияти муназзами ин марказ 150 нафар аз мутахассисони тоҷик қаблан дар кишвари Чин омузиши лозимро дидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Хишти аввали сохтмони фазаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ “Душанеб-2” бо иқтидори 300 мегават аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон  ва Си Ҷинпин –раисҷумҳурҳои Тоҷикистану Чин моҳи сентябри соли 2014 асос гузошта шуда буд.