Баҳрабардорӣ аз Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9355-Баҳрабардорӣ_аз_Маркази_барқу_гармидиҳии_Душанбе_2
Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 08, 2016 16:10 Asia/Dushanbe

Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи ин марказ ин иқдомро гоме устуворе дар роҳи расидани кишвар ба истиқлоли комили энержӣ арзёбӣ кардааст. Акнун Маркази барқу гармидиҳӣ метавонад ҳудуди 60 дарсади ниёзи шаҳри Душанберо бо нерӯи барқ таъмин намояд.

Ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе гузориш медиҳад.