Муаррифии музеи таърихии Хуҷанд
(last modified Fri, 04 Nov 2022 16:37:55 GMT )
Ноябр 04, 2022 21:37 Asia/Dushanbe
  • Таърихи ғании Хуҷанд
    Таърихи ғании Хуҷанд

Музеии таърихии Хуҷанд аз маконҳои дидании шаҳри зебову бостонии Хуҷанди Тоҷикистон аст ва анвои асноду ёфтаҳои таърихӣ дар ин музеи зебо нигаҳдорӣ мешавад.

Хуҷанд дуюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст ва ба муддати як ҳафта ҳам барномаҳои фарҳангии Эрон дар Хуҷанд дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ҳафтаи фарҳангии Эрон душанбеи гузашта бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд ва барномаҳои ин ҳафта илова бар Душанбе, дар ду шаҳри Хуҷанду Бохтар ҳам дар ҳоли баргузорӣ аст.

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои таърихиву бостонии Тоҷикистон бо собиқаи ду ҳазору 500 сол аст.

Таърихи ғании Хуҷанд ба хубӣ дар музеи осори бостонӣ ва таърихии ин шаҳр ба тасвир кашида шудааст.

Хуҷанд дороӣ чанд донишсарои олӣ аст ва дар донишгоҳҳои ин шаҳр забон, адабиёт ва таърихи мардуми тоҷик ба забони форсӣ, бо гӯйиши тоҷикӣ тадрис мешавад.