Раҳмон : 1000 пирях аз пиряхҳои табиии Тоҷикистон комилан об шудааст
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон гуфт : Аз 13 ҳазор пиряхи табиии мавҷуд дар ин кишвар то ба имрӯз ҳазор пирях комилан об шудаву ҳаҷми бузургтарин пиряхи қорраии мавсӯм ба « Федченко » ба таври қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ёфтааст . и
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар суханронии маросими ифтитоҳи ғурфаи миллии кишвараш дар ҳошияи бисту ҳафтумин конфаронси Конвенсияи тағироти обу ҳавоии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Шармушшайхи Миср афзуд :
Бадеҳӣ аст ки тағироти иқлимӣ таъсири мустақиме бар фарояндҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳтии кишварҳои манотиқи мухталифи ҷаҳон дорад . Ба назари мо яке аз шохисҳои аслии ин падида метавонад коҳиши шадиди пиряхҳои табиӣ дар натиҷаи гармоиши замин бошад . Намӯнаи боризи он об шудани фаврии пиряхҳои табиӣ дар Тоҷикистон аст . Ба эътиқоди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон об шудани тези пиряхҳои табиӣ, ки яке аз манобеи аслии таъмини оби ширин аст, дар канори афзоиши масрафи об ба далели рушди ҷамъият ва тавсеаи иқтисодӣ ، метавонад паёмадҳои бисёр манфиро ба ҳамроҳ дошта бошад . Бадеҳӣ аст ки ин мавзӯи ҳассос бояд дар конуни тавваҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба вижаи раҳбарони сиёсӣ қарор гирад . Дар ин заминаи мо пешниҳод кардем то соли 2025 ба унвони « соли ҷаҳонии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ » эълом шавад .
Раҳмон бори дигар бар пешниҳоди кишвараш мабнӣ бар эҷоди « Сандӯқи вижаи байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ » таъкид кард ва афзуд : Мутмаинам ки таҳаққуқи ин ибтикороту соири ибтикороти мушобеҳ ангезаҳои ҷадиде барои иҷрои иқдомоти ҷамъӣ дар ростои ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам хоҳад кард .
Лозим ба зикр аст, ки саҳми Тоҷикистон аз ҳаҷми ҷаҳонии интишори газҳои гулхонаӣ дар поинтарин сатҳ ، дар рутбаи 130 қарор дорад . Бо вуҷуди ин ، Тоҷикистон ҳамчунон барномаҳову иқдомоти дохилии зиёдеро дар ин замина иҷро мекунад . Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ тасреҳ кард :
Тасмимоти мо дар заминаи садсозӣ ва тавсеаи нерӯгоҳҳои обӣ, ки яке аз манобеи аслии тавлиди « энержии сабз » аст ва ҳамчунин муъофият аз аворизи молиёти ғайримустақиму молиёт бар арзиши афзӯда барои воридоти худравҳои электрӣкӣ бо ҳадафи коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ дар муҳити зистро дунбол мекунад . Тоҷикистон тадвини барномаи миллии созгорӣ бо тағироти иқлимиро бар мабнои заминаҳои увлавиятдору иҷрои роҳбурди миллии созгорӣ бо тағироти иқлимӣ дар дастури кор қарор додааст .
Вай ибрози умедворӣ кард ки созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, кумаккунандагон ва кишварҳои тавсеаёфта ба ҳамкории муассир бо Тоҷикистон дар заминаҳои созгорӣ бо тағироти иқлимӣ, коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ ва ҷилавгирӣ аз об шудани шадиди пиряхҳои табиӣ идома хоҳанд дод .
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар поён гуфт : Тасмимоте ки дар чорчӯби бисту ҳафтумин конфаронси Конвенсияи тағироти обу ҳавоии Созмони Миллали Муттаҳид гирифта мешаванд ба шаклгирии созукорҳои таъомулу ҳамкориҳои марбута дар сатҳи миллӣ минтақаӣ ва ҷаҳонӣ кумак хоҳад кард .