Афзоиши воридоти сухт ба Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сухт ба ин кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 558 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти ба арзиши ҳудуди 486 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шуда аст.
Бар асоси амори идораи гумруки Тоҷикистон воридоти сухт ба ин кишвар аз назари ҳаҷми беш аз 24 дарсад ва аз назари нархи 1.7 баробар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфта аст.
Ҳаҷми фуруши фаровардаҳои нефти дар Тоҷикистон тайи 9 моҳ беш аз 7.4 миллард сомонӣ баровурд шуда аст.
Ба таври кулли бар асоси додаҳои омори бозори фаровардаҳои нефтии Тоҷикистон ҳамчунон ба воридот вобаста аст ва саҳми тавлиди дохили бисёр ночиз аст.
Ҳамчунин бар асоси омори расми дар 9 моҳи имсол беш аз 19 ҳазор тонна фаровардаи нефти дар Тоҷикистон тавлид шуда аст.
Ин кишвар сухтро бештар аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад.
Фароз, Газпром, Сеганҷ, Суғд нефт, Роҳи Сомон аз ҷумла муҳимтарин ширкатҳои воридкунандаи сухт ба Тоҷикистон ҳастанд.