Вазири фарҳанги Тоҷикистон: Равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон мунҳасир ба ҳафтаҳои фарҳангӣ нест
(last modified 2022-11-14T07:35:22+00:00 )
Ноябр 14, 2022 12:35 Asia/Dushanbe
  • Вазири фарҳанги Ҷумҳӯрии  Тоҷикистон гуфт: Адабиёти муштараки мо аз маънавият ва сулҳ аст
    Вазири фарҳанги Ҷумҳӯрии Тоҷикистон гуфт: Адабиёти муштараки мо аз маънавият ва сулҳ аст

Вазири фарҳанги Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо ишра ба таъамулоти хуб ва рӯ ба густариши Эрон ва Тоҷикистон ва баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ дар дукишвар дар муддат замони камтар аз якмоҳи гузашта, таъкид кард: Равобити фарҳангии мо мунҳасир ба баргузории ҳафтаҳои фаҳангӣ нест ва бидуни тардид тасмимоти ҷадид ва хуберо дар ояндаи наздик мушоҳида хоҳем кард.

Зулфияи Давлатзода дар гуфтугӯ бо хабарнигори фарҳангии Ироно изҳор дошт: Бо вақфаи чандин солаи пеш омада дар равобити дукишвар, имрӯз хушбахтона бо азм ва ирода дар дарояти руасои Ҷумҳӯриҳои Эрон ва Тоҷикистон шоҳиди эҷоди фазои хуб ва тавсиаи равобити ҳама ҷониба ба вижа дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳунар ҳастем, ки умедворам ингуна дидорҳо ва рафту омадҳои дуҷониба ва муштарак, фазоӣ хуб ва муносиберо дар тавсиаи фи мобайн ба вуҷӯд оварад.

Вай ба чаҳор дидор ва мулоқоти самимонаи миёни руасои Ҷумҳӯри Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Оятуллоҳ Саийд Иброҳими Раисӣ ишора ва тасреҳ кард: Дар тамоми ин дидорҳо ва мулоқотҳо ҳамвора миёни масъулони дукишвар меҳр ва дусти, самимияту ҳамдили ҳоким буда ва ҳамвора бар тавсиаи равобити ҳамаҷониба мёни дукишвар таъкид шудааст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳӯрии  Тоҷикистон гуфт: Адабиёти муштараки мо аз маънавият ва сулҳ аст, на танҳо иштироки андеша, ки дар забон ва баён ва гунаҳои  иброҳзи эҳсосот ва авотифро дар вуҷӯди мо ба вадиа гузорад ва тавониста моро аз даричаи ҳамзабонӣ ба биҳишти ҳамдили бирасонад.

Давлатзода дар айни ҳол ба барпоии ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон , Табрез ва Шероз ва мутақобилан баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Ҷумҳӯрии Исломии  Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кулоби Тоҷикистон ишора кард ва гуфт: Яқин дорем, ки баргузори  ингуна рӯйдодҳои фаҳангӣ ва ҳунарӣ дар дукишвар нақши муҳиме дар тависаи равобит фарҳангӣ миёни дукишвар хоҳад дошт.

Бештар бихонед: